КҲФ Хатари омадани селҳо боқӣ мондааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 6-7-уми апрели соли равон ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва махсусан дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарби ВМКБ аз сабаби боронҳои шадид эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Эҳтимол меравад дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло равад.

Боронҳои шадид метавонанд сабагори дар ноҳияҳои кӯҳсор ва теппаҳо  эрозияи хок ва ҳаракати он шавад. Ҳавои номусоид корҳои чорвочаронӣ дар дашту водиҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ба хотири таъмини амнияту бехатарии худ дар ин рӯзҳо аз рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳар гуна гиёҳон ва рафтан ба саҳро барои анҷоми корҳои кишоварзӣ худдорӣ намоянд.

Кумита ҳамчунин аз мақомоти ҳокимияти  маҳаллии ноҳияву шаҳрҳо хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии селҳо бо ташкилу роҳандозии ҳашарҳо ва ҷалби техника селроҳаҳо, ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.

Бо мақсади таъмини амнияти ронандагон ва мусофирон Кумита ба соҳибони мошинҳои сияҳшиша тавсия медиҳанд, ки равуои худро дар ҳавои торик ва бахусус шабона маҳдуд кунанд. Қоидаҳои бехатарӣ, фосилаи байни мошинҳоро ҳангоми ҳаракат риоя намоянд.

барчасп: