Ҳамасола дар Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои ҷаҳон 1 март ҳамчун Рӯзи Умумиҷаҳонии мудофиаи гражданӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ҷашни ин рӯз баланд бардоштани мақоми хадамоти наҷодиҳии миллӣ мебошад.
Агар ба таърихи ин ҷашн назар андозем, пас мебинем, ки ҳанӯз соли 1931 бо ташаббуси якчанд давлат ва генерали хизмати тиббии франсавӣ Жорж Сен-Поль дар шаҳри Париж “Асотсиатсияи минақаҳои Женева” – “ҳудуди бехатар” барои бо роҳи созишномаҳои дутарафа ва бисьёртарафа дар ҳамаи мамлакатҳо ташкил намудани минтақаҳои бехатарии маҳаллӣ, таъсис дода шуд.
Баъдан, Асотсиатсияи мазкур ба Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ табдил дода шуд. Соли 1972 Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ (ТБМГ) мақоми ташкилоти байниҳукуматиро гирифт.
Дар ҳоли имрӯз 53 давлат аъзои Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ буда, 16 давлат мақоми назоратчӣ ва 15 ташкилот аъзои асотсиатсияи ТБМГ мебошанд.
Рӯзи Умумиҷаҳонии мудофиаи гражданӣ аз соли 1990 инҷониб дар ҳама давлатҳои аъзои Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ бо мақсади таблиғи дониш оид ба мудофиаи гражданӣ ва баланд бардоштани мақоми хадамоти наҷотдиҳии миллӣ чашн гирифта мешавад. Санаи 1и март тасодуфан гирифта нашудаааст, зеро дар ҳамин рӯз Оинномаи Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ этибор пайдо карда, 18 давлат онро дастгирӣ намуданд.
Дар байни фаъолиятҳои ТБМГ инҳоро бояд махсус қайд кард: тайёр кардани кадрҳои миллӣ дар соҳаи идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулодда; расонидани ёрии техникӣ ба давлатҳо дар таъсис ва такмил додани системаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи аҳолӣ; тарғиби таҷриба ва дониш оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва масъалаҳои идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулодда. Тайёрии мутахассисон дар Маркази таълимии мудофиаи граждании Швейтсария сурат мегирад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб аъзои Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ мебошад.