27 феврали соли 2023 дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани мукофотҳо аз номи Сарвари давлат ба наҷотдиҳандагон баъди бозгашташон аз Туркия баргузор шуд.
Дар ин маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сардори Раёсати мудофиаи ва тартиботи ҳуқуқӣ ва мудофиаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода, Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода, роҳбарони сарраёсатҳо ва раёсатҳои Кумита ширкат намуданд.
Зими суханронии худ Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба наҷотдиҳандагони КҲФ барои кори софдилона ва пурсамар изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки имдодгарон вазифаи наҷоти ҷони одамон ва расонидани ёрии саривақтӣ ба аҳолии осебдидаро пурра иҷро намуданд ва аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд.
Сарвари Кумита дар суханронии худ иброз дошт, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузолри сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Кумита ҳамеша омода аст вазифаҳои бар дӯши ӯ гузоштамешударо дар дохил ва дар хориҷи кишвар иҷро намояд.
Ҳамчунин дар ин ҷамъомад ширкаткунандагони амалиётҳои ҷустуҷӯву наҷот дар Туркия суханронӣ карданд ва шахсан ба Асосгузолри сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ғамхорӣ дар ҳақи наҷотдиҳандагон изҳори сипос намуданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба наҷотбахшон аз номи Асосгузолри сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим намуд, онҳоро бо рутбаҳои ҳарбӣ, сипосномаҳои КҲФ ва медалҳои соҳавӣ сарфароз гардонд.
Баъди маросими супурдани туҳфаҳо Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо фаъолиятҳои Маркази таъимӣ шинос шуд. Аз синфхонаву утоқҳои корӣ, ки пурра бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, дидан намуд. Бо техникаи махсус ва таҷҳизоти наҷоте, ки дар ихтиёри имдодарон мебошад, ошно гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то 22-уми феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Туркия буданд ва дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзилаи мудҳиш дар ин кишвар иштирок намуданд.
Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери вайронаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Баъди 144 соати заминларза бошад, онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд.
Дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.