Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳи зарфи ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва  меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 феврали соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии  тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби ВМКБ, дар роҳҳои  мошингарди Душанбе -Чаноқ, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мемонад.

Дар ҳамин итибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ намоянд. 

Ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, БДА маълумот ба даст орнад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд. 

Эҳтиёт дар ҳаракат гарави аслии амнияту бехтарии шумо ва ҳамроҳони шумост! ФАРОМӮШ НАКУНЕД!!!

барчасп: