Хабарҳои охир аз лағзиши тарма, сел, ярч дар қаламрави кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 24 ҳодисаи лағзиши тарма, 6 ярч ва 5 сел ба қайд гирифта шуд.

ВМКБ

17 феврали соли 2023 соати 21:11 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 352 роҳи мошингарди Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, ки аз деҳаи Умараки ҷамоати Қалъаи Хумб мегузарад, сел омад.

Ғайр аз ин соати 22:10 дақиқа дар километри 347-уми роҳе, ки аз қаламрави ҳедаи Зини ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб убур мекунад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Роҳ барои ҳаракати мошинҳо баста мебошад. Дар айни замон техникаи махсуси Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ барои рафъи паёмадҳои ин офар ҷалб карда шудааст.

Вилояти Хатлон

18 феврали соли 2023 тахминан соати 02:30 дақиқа дар километрҳои 224, 227, 235 ва  237 роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегузарад, ярч ба қайд гирифта шуд. Барои тоза кардани роҳ дар лойқа  4 техникаи мансуб ба Вазорати нақлиёт ҷалб карда шудааст. 

Рӯзи 18.02.2023 тахминан соати 02:45 дақиқа дар километри 21-уми роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, дар наздикии деҳаи Учқули ноҳияи Восеъ низ лағзиши замин мушоҳида шуд. Дар ин мавзеъ низ техникаи мансуб ба Вазорати нақлиёт фаъолият мекунад. 

НТҶ

17 феврали соли 2023 тахминан соати 21:05 дар километри 196 роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз қаламрави ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, бар асари борони пуршиддат сел омад. Техникаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сангу регу шағали селоварда дар роҳҳоро тоза кард ва ҳаракати мошинҳо дубор оғоз шуд.

17 феврали соли 2023 аз соати 08:10 то 21:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ  дар  километрҳои 47, 56, 57, 58, 59, 65, 66, 68,5 69, 70, 71, 72 роҳи мошитнгарди Душанбе – Айнӣ бориши пуршиддати барф сабаби омадани тармаҳои зиёд шуд. Роҳи мазкур ҳанӯз ҳам баста аст.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хатари лағзиши тармаву сангу рег дар роҳҳои кӯҳии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ, ағбаҳо то 21-уми феврали соли равон боқӣ мемонад. 

Кумита аз кулли сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёт кунанд ва ба минтақаҳои тармахез сафар накунанд. 

Аз роҳандозии ҳар гуна корҳои дигар, аз ҷумла ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ худдорӣ намоянд. 

Бахусус, ронандагон бештар бояд эҳтиёт кунанд. Ба таъхир андохтани сафар бо роҳҳои кӯҳӣ гарави бехатарии шумст. Вале агар сафар кардед, пас бояд ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

барчасп: