Мулоқот бо наҷотдиҳандагони тоҷик дар вилояти Хатой

18 феврали соли 2023 генерали гарнизони ҳарбии Хатой ҷаноби Хакан Тутужи бо генерал – майор Сулаймон Исозода – роҳбари дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ахиран аз Қаҳрамонмаръаш вориди вилояти Ҳотай шуда буданд, мулоқот кард.

Наҷотдиҳандагони КҲФ нимаи дуюми рӯзи 17-ми феврал ба вилояти Хатой омаданд, то ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар ин қисмат аз минтақаи зилзилазадаи Туркия идома диҳанд.

Дар ҷараёни ин мулоқот генерал Тутужи ба наҷотдиҳандагони тоҷик барои корҳои пурсамарашон дар ҷустуҷӯи одамон ва рафъи паёмадҳои зилзила ва ба Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли кумакҳои башарӣ ба офатзадагон, расонидани кумакҳои фаврии тиббӣ, ёриҳои аввалия барои наҷоти зиндамондагон сипосгузорӣ кард.

барчасп: