Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хорӯғ - Ишкошим, Хорӯғ – Мурғоб бар асари боришҳо хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
7 – уми феврали соли 2023 дар километри 65200 – уми роҳи Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи Майхӯра ва Ҳушёрӣ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Бо мақсади сари вақт бартараф намудани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси ширкати роҳи Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб карда шуд.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар то 12-уми феврал боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд ва ё сафарҳои безарурати худро муваққатан то беҳ шудани вазъ лағв кунанд.
КҲФ ба ронандагони тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии амнифту бехатарии ронандагон ва ҳамсафарони онҳост.