Тармаву резиши сангу рез дар роҳҳои қаламрави ВМКБ

3 феврали соли 2023 ба сабаби боришоти шадид ва гармии рӯзҳои охир дар ҳудуди ВМКБ чанд ҳолати ла-зиши тарма ва резиши санг ба цайд гирифта шуд.  Дар километрҳои аз 51 то 53-юм дар роҳи мошингари Рӯшон – водии Бартанг ва ҳам дар километри 474-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон тармаҳо фурӯ рехта, боиси масдуд шудани роҳҳо шудаанд.

Поксозии роҳҳо ҳамоно идома дорад

Ҳамчунин дар километри 310-уми шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз санги зиёд ба рӯи роҳ фурӯ рехтааст.
Ба хотири таъмини амнияти ронандагон дар шароити зимистон ва расондани кӯмакҳои оҷил дар ҳолатҳои фавқулода дар қисматҳои гуногуни шоҳроҳҳои асосии ҷумҳурӣ наҷотдихандагони Кумита навбатдорӣ ташкил кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хохиш мекунад, ки аз сафару сайругашт ба манотиқи хатарнок то ҳадди имкон худдорӣ карда, ҳангоми сафар ҳушёр бошанд.

барчасп: