29 ноябри соли 2022 дар доираи машқҳои ҳамаҷонибаи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд кормандони КҲФ бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, роҳбарони хадамоти мудофиаи гражданӣ ва зерсистемаҳои ҳудудии низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии ноҳия дар мавзӯи «Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин корҳои эвакуатсияи ахолй дар холати фавкулодда» дарсҳо ва тамринҳо баргузор карда шуданд.
Инчунин, аз ҷониби сардори ситоди машқҳо ба роҳбарияти комиссияҳо, хадамоти мудофиаи гражданӣ, зерсистемаҳои ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ёрии методӣ ва амалӣ расонда шуд.
Дар доираи машқҳо дар минтақаҳои хатарнок корҳои соҳилбандиву соҳилмустаҳкамкунӣ роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, 600 метр ҷӯи обгузари маҳаллӣ, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстон ҷойгир аст, аз партову лой тоза карда шуд.
Бо дарназардошти шароити обу ҳаво ва пешгирии оқибатҳои омадани сел 29 ноябри соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав дар мавзеъҳои хатарноки як қатор деҳаҳо корҳои тозакунии соҳил ва селроҳаҳо гузаронида шуд.
Сокинони ҷамоати деҳоти Файзбахш бо ёрии техникаи муҳандисӣ ба таҳкими соҳилҳо, поксозии селроҳаҳо ҷалб карда шуданд. Илова бар ин, бо мақсади тоза кардани канали “Шохаи Ғарбӣ”, ки аз ҳудуди деҳаҳои Мулло Шодӣ ва Ваҳдати ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав мегузарад, аҳолии маҳал ва техника, аз ҷумла як экскаватор ҷалб крада шуд.
Дар остонаи фасли сард кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош мекунанд дар саросари минтақа мавзеъҳои хатарнокро аз назар гузаронанд ва барои пешгирӣ аз обхезиву ҳар гуна офатҳои табии эҳтимолии дигар тадбирҳо андешанд.