Тавре аз номаш пайдост, ба таври сунъӣ сурат мегирад, масалан бар асари таркиши ба миқдори зиёди моддаҳои тарканда ва ё ҳангоми инфиҷори зеризаминии атомӣ (силоҳҳои тектоникӣ) ба вуҷуд меояд. Масалан ҳангоми санҷиши бомби термоядроии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихи 30 октябри соли 1961 як заминларзаи шадид ба вуҷуд омада буд.
Мисоли дигари заминларзаи сунъӣ зилзилаи Ҳоитӣ мебошад, ки 12-уми январи соли 2010 рух дод. Бино ба иттилои расмӣ қувваи он дар марказаш, 22 км ҷанубу ғарби пойтахти Ҳоитӣ шаҳри Порт-о Пренс 7 балл буд ва ин гуна такони сахт дар таърихи ин кишвар соли 1751 рух дода буд. Ин заминларза ҷони 222,5 ҳазор нафарро рабуд, 311 ҳазор нафар захмӣ шуданд, 869 нафар бенишон ғайб заданд ва беш аз 1 миллион нафар аз хона маҳрум шуданд. Ин заминларза аз рӯи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо баъди зилзилаи Таншони Чин дар соли 1976, ки 242 ҳазору 419 нафар кушта шуда буданд, дуюмин такони пурфоҷеаи замин буд.
Чандин кишвари олам, аз ҷумла Фаронса, Бразилия, Никарагуа ва Венесуэла Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба созмон додани заминларзаи сунъӣ айбдор карданд. Ин кишварҳо ба ин назар буданд, ки ИМА бо ин баҳонаҳо давлатҳои камқудратро забт мекунад.
Аслан заминларзаҳои сунъиро “зилзилаҳои дастӣ ё ҳидоятшаванда” ҳам меноманд. Масалан 17-уми моҳи майи соли 1976 шаҳри Газлии Ӯзбекистон, ки як маркази бузургтарини истихроҷи газ ба шумор меравад, дар як заминларзаи 9-балӣ комилан хароб шуд. Аммо огоҳии сейсмологҳо буд, ки аз қурбониҳои бештар пешгирӣ шавад.