АЗ ГУЗАШТА. Сӯтори ҷангал дар моҳи июн

Моҳи июни соли 2007 дар ноҳияҳои гуногуни Юнон бар асари гармои шадид, ки ба ҳадди 40 дараҷа болои сифр расида буд, сӯхтори азим 270 ҳазор гектар ҷангалро нобуд кард.

Вазъи басо пурхатар рӯзҳои 23-27 август рух дод, ки сӯхтор аз назорат пурра хориҷ шуд ва оташ метавонист кулли бешаҳои ноҳияи Олимпро ба хокистар табдил диҳад. Дар ин офат 84 нафар ҷони худро аз даст доданд. Барои хомӯш кардани забонаи оташ ҳавопаймоҳои аксар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ширкат карданд. Русия ҳам дар канор намонд ва ба минтақаи офат ҳавопаймои Бе-200 ва 13 чархболи сӯхторхомӯшкуниро эъзом кард.

****    ****   ****

17 июни соли 2017 дар ноҳияи Педроган-Гранди воқеъ дар шимолу шарқи Лиссабон сӯхтори азими ҷангал 66 нафарро ҳалок ва беш аз 200 нафарро захмӣ кард. Қисмати бештари фавтидагон ронандагоне буданд, ки талош доштанд ба ҷойи амн раванд, вале ҳангоми ҳаракат дар ҳалқаи дуду оташ монданд. 

барчасп: