Бино ба хабари ВВС соате пас аз вуқуъи як заминларзаи неруманд дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон муовини вазири ҳаводис дар ҳукумати Толибон дар нишасти матбуотӣ эълон кард, ки омори ҷонбохтагони он ба 920 нафар расидааст. Ӯ аз захмӣ шуани 610 нафар ҳам хабар додааст.
Ин манбаъ мегӯяд Толибон ҷаласаи фавқулодаи кобинаро барои таҳлили вазъи кумакрасонӣ ба осебдидагон даъват кардааст.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд ҳоло дар бораи шумори дақиқи куштагони зилзила сухан гуфтан барвақт аст, чун ин омор ҳар соат рӯ ба афзудан дорад.
Гуфтанист, ки ин заминларза дар соати аввалияи рӯзи чаҳоршанбе замоне рух дод, ки бисёре аз бошандагон дар хоб буданд.
Созмони заминшиносии Амрико бузургии ин заминларзаро 6,1 бал гуфтааст. Ин заминларза дар ҳудуди 44 километрии шаҳри Хуст дар ҷанубу шарқи ин кишвар воқеъ шудааст.
Билол Каримӣ, сухангӯи Толибон дар Твиттераш навишт: “Мутаассифона шаби гузашта зилзилаи шадиде дар чаҳор влусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”. Ӯ ҳамчунин эълом кард: “Мо аз ҳама ожонсиҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи фоҷеаи бештар ба минтақа эъзом кунанд”.