Заминларза дар Афғонистон 280 кушта ба ҷо гузошт. Садҳо нафар захмӣ шуданд

Бино ба гузориши хабаргузориҳои давлатӣ дар Афғонистон заминларзаи шадид 280 нафарро дар ин кишвар ба ҳалокат расондаву садҳои тани дигарри захмӣ кардааст. Тасвире, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфтааст, вайрониҳо бармало намудоранд ва маҷрӯҳон дида мешаванд.

Мақомоти давлатӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки омори эълоншуда ниҳоӣ нест ва эҳтимоли афзоиши он вуҷуд дорад. Хабаргузории Бохтар иттилоъ додааст, ки ҳудудан 600 нафар захмӣ шудаанд.

Созмони заминшиносии Амрико бузургии ин заминларзаро 6,1 бал гуфтааст. Ин заминларза дар ҳудуди 44 километрии шаҳри Хуст дар ҷанубу шарқи ин кишвар воқеъ шудааст.

Билол Каримӣ, сухангӯи Толибон дар Твиттераш навишт: “Мутаассифона шаби гузашта зилзилаи шадиде дар чаҳор влусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”. Ӯ ҳамчунин эълом кард: “Мо аз ҳама ожонсиҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи  фоҷеаи бештар ба минтақа эъзом кунанд”.

Ин заминларза дар соати аввалияи рӯзи чаҳоршанбе замоне рух дод, ки бисёре аз бошандагон дар хоб буданд. 

барчасп: