Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши роҳбарият, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Амалиёти роҳбарият, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳолати зилзила бо қувваи 6-7 балл”, машқи махсуси тактикӣ баргузор гардид.
Дар тамринҳо муовини аввали раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшоҳ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Тибқи барномаи таълимӣ кормандони Кумита нахуст дар байни роҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯён дар мавзӯи офатҳои табиӣ, роҳҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дарсҳои назариявӣ гузарониданд.
Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе амалҳои наҷот ҳангоми сар задани офатҳо бо истифода аз техника ва таҷҳизоти махсус намоиш дода шуд.
Дар ин тамринҳо тартиби эвакуатсияи омӯзгорон ва донишҷӯён аз бинои баландошёна, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон ва интиқоли онҳо ба муассисаҳои тиббӣ, амалиёти неруҳо барои аз зери биноҳои харобшуда берун овардани ҷароҳатбардоштагон ва хомӯш кардани сӯхтор баррасӣ шуд.
Дар ин машқҳо хадамоти тиббӣ, дастаҳои оташнишонӣ, кормандони ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кормандони ширкати «Барқи тоҷик» ва лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёю радиометрии КҲФ ва наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.