Мулоқоти генерал Назарзода бо Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон ҷаноби Филиппо Гранди

18 марти соли 2022 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Рустам Назарзода ҳамроҳ бо Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон ҷаноби Филиппо Гранди бо шароити будубоши урдугоҳҳо барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, ки дар қаламраи Хадамоти зиддижолаи КҲФ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, ошно шуданд.

Зимни шиносоӣ мавзӯъи вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвари КҲФ дар бораи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди эҳтимоли вуруди гурезаҳо андешидашуда маълумот дод.

Бошишгох бо 64 хаймаи чӯбкоришуда, неруи барқ, хатти оби нушокй, ошхона, хаммом таъмин карда шудааст. Ҷаноби Гранди ба кори анҷомдода баҳои баланд дод.

Илова бар ин, сардори идораи наҷоти кишвар ба ҷаноби Гранди дар бораи офатҳои табиии дар кишвар рухдода, корҳои анҷомдодашуда оид ба рафъи оқибатҳои онҳо, кумакҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии зарардида расонидашуда маълумот дод.

Ҳамчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобила ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ оид ба огоҳиҳои саривақтии аҳолӣ аз хатару таҳдидҳо, инчунин омода намудани мутахассисони наҷот ва расонидани ёрии техникӣ баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои КҲФ ва Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар оянда ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат хоҳанд кард. 

барчасп: