Наврӯз муборак, дӯстони азиз!

Роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бо ҷашни баҳор – Наврӯз – қадимитарин ва ҳамзамон муосиртарин ҷашн табрику муборакбод мекунанд!

Наврӯз ҷашни навсозӣ, шодӣ ва имон ба ояндаи нек аст! Дар эътиқоди мардум мегӯянд: Наврӯз ҳар қадар ба фароғату хуш гузарад, замин ба мардум ҳамон қадар саховатмандтар мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно дорад, ки анъанаҳои чандинасраи ниёгонатонро, ки аз насл ба насл ба хотири ободии меҳану  марзу бум, созандагиву бунёдкорӣ ва амалӣ гардидани орзуҳои хубу наҷиб омадааст, идома диҳед.

Бароятон дидору мулоқотҳои фараҳафзо бо пайвандон, дӯстон, ҳамкорон орзу дорем.

Ҳамчунин лабҳои ҳамеша моил ба табассум, шодиву фараҳ, сарсабзиҳои баҳоргуна, муҳаббат ба ёру диёр, саломатӣ, хонаободӣ ва сулҳу субот барои кишвари азиз аз ҷумлаи орзуҳои дигари мост, ки тамоми сол Шумо, азизонро ҳамроҳӣ кунанд!

Наврӯзатон муборак!

барчасп: