Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 20 марти соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ, водиҳо ва до манакӯҳҳои вилояти Хатлон ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст. Хатари лағзиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои Душанбе – Лахш, Душанбе – Кӯлоб, Душанбе – Варзоб ва Айнӣ – Панҷакент сел боқӣ мемонад.
20-21 март дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим ва Хоруғ- Ҷилондӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо дар наздик шудан ба обанборҳо, кӯлҳо, дарёҳо худдорӣ намоянд, муваққатан аз моҳидорӣ, рафтан ба чарогоҳ ва шикоргоҳ низ худдорӣ кунанд. Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои оддии бехатарии шахсиро риоя намоянд, ҷони худ ва ҳамсафарону пайвандонашонро дар хатар нагузоранд.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш менамояд, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.
Волидон бояд ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд. Дар чунин рӯзҳо беназорат гузоштани онҳо хатар дорад ва ҳаргиз нагузоранд, ки тани танҳо лаби наҳру каналҳо раванд. Агар онҳо ба мактаб мераванд, пас аз эҳттимоли ҳар хатари вобаста ба боду борони баҳорӣ огоҳ созед.
Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат кунед!