Кумакҳои навбатии САҲА ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

17 марти соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ баргузор гардид. Таҷҳизот дар доираи ҳамкориҳои КҲФ Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ироа гардид.

Дар маросими таҳвил Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Вук Жугич иштирок доштанд.

Раиси КҲФ дар суханронии худ ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таъкид намуда, барои кумакҳои расонидашуда изҳори сипос кард. Вай ҳамчунин ба он ишора кард, ки кумакҳои расида бешак кори ҳаррӯзаи кормандони бахши наҷотро осон мекунад.

Дар навбати худ ҷаноби Вук Жугич изҳор дошт, ки САҲА ҳамкориҳоро бо идораи наҷоти кишвар дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома медиҳад.

барчасп: