Резиши санг се корманди КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиётро захмӣ кард. Сел як садди 40-метраро дар Восеъ шуст. Тарма дар Шуғнон як хонаро пурра ва хонаи дигарро қисман хароб кард. Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки то чанд лаҳза пеш баста буд, боз шуд.
Бориши пуршиддати борон дар қаламрави кишвар ва гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои охир ҳамоно хатарҳои лағзиши тарма ва омадани селу резиши сангро боқӣ гузоштааст. Хатари бештар дар роҳҳои Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Душанбе – Айнӣ ҳисс мешавад. Мо ҳамоно шоҳидони тармаву сангрезӣ дар ин роҳҳоем.
Чунончӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошими ВМКБ ва ноҳияи Варзоб 3 ҳолати фаромадани тарма ва омадани сел, инчунин 2 ҳолати резиши санг ба қайд гирифта шудааст.
Бар асари лағзиши тарма дар қаламрави деҳаи Пошори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон як хона пурра ва як хона қисман хароб шудааст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Барои муайян кардани мизони зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Бар асари резиши санг дар километри 449-уми шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ убур мекунад, се нафар - кормандони шӯъбаҳои ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон захмӣ шуданд. Дар айни замон ин се нафар дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд ва корҳои поксозии роҳ аз сангу сангреза идома дорад.
Ҳамчунин, дар километри 223-юми шоҳроҳи Душанбе-Лахш, дар наздикии шаҳраки Обчаки ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодиса касе зарар надидааст, паёмадҳои сангрезӣ бартараф шуд ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.
16 марти соли 2022 дар километри 354-уми шоҳроҳи Дарвоз-Хоруғ омадани сел боиси баста шудани роҳ гардид. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
Дар деҳоти Зарафшон ва Сафедорони ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод бар асари борони шадид сел ва хатари зери об мондани заминҳои кишт ва заминҳои наздиҳавлигӣ пеш омадааст. Барои пешгирй кардани ҳолати ба амаломада ситоди ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Бориши боронҳои пуршиддат боиси болоравии сатҳи оби дарёи Ёхсу гардид. Дар натиҷа сел ҳам омад ва садди чиҳилметраро дар деҳаи Пушиёни ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабови ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон шуст. Барои бартарафсозии паёмадҳои ин офат техникаи махсус сафарбар шуда, корҳои соҳилбандӣ идома доранд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, касе зарари ҷисмонӣ надид.
16 марти соли 2022, тахминан соати 13:35 ба вақти маҳаллӣ дар километри 67-уми роҳи Душанбе-Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Барои тоза кардани роҳ ба хадамоти роҳи IRS техникаи махсус ҷудо кард ва ин қитъаи роҳ аз барфтӯда тоза карда шуд. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ширкати IRS чанд лаҳза пеш ҳаракати мошинҳо ба ду самт иҷозат дода шуд.
Субҳи 17-уми марти соли равон аз баста будани роҳҳои Душанбе – Хуҷанд, Қалъаи-Хумб – Ванҷ-Хоруғ, Рӯшон – Бартанг хабар дода мешуд. Аммо ахиран роҳ ба самти Хуҷанд ва аз Хуҷанд ба Душанбе боз шуд.
Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи автомобилгард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби дастаҳои наҷоти зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам назорат карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хавфи руй додани ходисаҳои фавқулодда дар роҳҳое, ки дар натиҷаи тарма ба амал омадаанд, заруранд.
Боз ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунанд дар чунин рӯзҳое, ки хавфу хатари тармаву селу обхезӣ вуҷуд дорад, аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд. Ба ғунучини ҳезум, ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, моҳидорӣ ва шикор нарафтан як омили таъмини амният аст.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шумо метавонед бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 тамос гиред ва кумак хоҳед.