Боздид аз Осорхонаи миллӣ

15 марти соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи милли Тоҷикистон дидан намуданд.

Онҳо бо намоишгоҳҳои мероси маънавии халқи тоҷик, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, бо толори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои идораи наҷоти кишвар ва Осорхонаи миллӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ошноӣ бо мероси ғании халқи мо, таҷлил аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ шуд.

Кормандони Кумита як бори дигар бо дастовардҳои Истиқлол ва бахусус заҳматҳову талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими Истиқлолу шукуфоии Ватан аз наздик ошно гардиданд.

барчасп: