Комитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то поёни ҳафтаи ҷорӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Ба ноҳияҳои кӯҳии кишвар бориши барфу борон дар назар аст.
Дар ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд, қисмати ғарбии ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел эҳтимол дорад. Ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳое, ки аз қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, низ эҳтимол дорад.
Кумита бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма доранд, қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя кунанд.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.
Волидон бояд ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд. Дар чунин рӯзҳо беназорат гузоштани онҳо хатар дорад ва ҳаргиз нагузоранд, ки тани танҳо лаби наҳру каналҳо раванд. Агар онҳо ба мактаб мераванд, пас аз эҳттимоли ҳар хатари вобаста ба боду борони баҳорӣ огоҳ созед.
Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат кунед!