Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиши «Системаи идорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда» ва омўзиши «Посухдиҳандагони аввалин дар ҳолати таҷилӣ»-ро бо хизматчиёни ҳарбии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ кард.
Мақсад аз гузаронидани курсҳои омузиши мазкур, ин баланд бардоштани маҳорати касбӣ хизматчиёни ҳарбии Раёсат ва такмил додани машғулиятҳои амалӣ – интерактивӣ, пешниҳод намудани маълумоти муқаддимавӣ оид ба принсипҳои арзёбии фаврӣ дар ҷои ҳодиса, расонидани ёрии авалия ба осебдидагон, инчунин эътино ва дастгирии аҳолӣ дар ҷой ҳодиса ҳисоб меёбад.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ва бо ҳамкории намояндагони Бозрасии давлати автомобилии вилоят Раёсати, Хадамоти давлати оташнишонии вилоят ва ёрии таҷилии тиббии вилоят як намоиши садамаи нақлиёти ва наҷот додани мусофирони он нишон дода шуд.