Борону барф ба ҳам меборанд, гоҳ яке аз дигаре пуршиддаттар, мисли он ки сабқат мекунанд. манзараи шабонарӯзи гузашта дар навоҳии кӯҳӣ тақрибан ҳамин буд. Оби борон ба сони як сели пурваҳшат сатҳи оби рӯдхонаву каналу обанбору кӯлҳоро боло мебарад. Дар роҳҳои кӯҳӣ аз қуллаҳои баланд барфтӯдаҳо сарозер мешаванд, тарма роҳҳоро муваққатан мебандад ва ҳолате ҳам буд, ки тарма маҷрои оби дарёро ҳам баст.
Ва ҳоло мухтасари ин хабарҳо:
Рӯзи гузашта, 8-уми март тахминан соати 16:10 дақиқа дар километри 550-уми мавзеи Химбеҳкени деҳаи Пастхуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тарма омад ва роҳро муваққатан баст.
Барои тоза намудани мавзеъи мазкур аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ аз МДНРА-и ноҳия сафарбар гардида, соати 17:30 дақиқа роҳ пурра аз тарма тоза карда шуд ва ҳоло ҳаракати мошинҳо аз ду самт аз сар гирифта шудааст.
Субҳи рӯзи 8-уми марти соли равон тахминан соати 11:30 дақиқа аз сабаби бориши барфу борон дар километрҳои 63, 66 ва 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тарма сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуд.
Барои тоза намудани роҳ аз тарма дар мавзеъҳои мазкур техникаҳои муҳандисии боркунаки фронталӣ аз ширкати IRS сафарбар шуда, соати 14:00 дақиқа роҳ боз ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон дар натиҷаи бориши барфи тар тахминан соати 17:33 дақиқа дар километрҳои 64-ум ва 72-юми самти роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, роҳ муваққатан маҳкам гардид.
Барои тоза намудани тарма дар мавзеъҳои мазкур техникаҳои муҳандисии боркунаки фронталӣ аз ширкати IRS дар якҷоягӣ бо наҷотдиҳандагони Раёсати таъиноти махсуси кофтуков ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дидбонгоҳи мавзеи Майхӯра ва Уштур қарор доранд, сафарбар гардиданд. Тахминан соати 21:00 дақиқа роҳ дар ин мавзеъҳо аз тарма тоза карда шуд.
Шаби 09.03.2022 тахминан соати 01:00 дақиқа дар километри 48-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тарма омад ва роҳи автомобилгардро маҳкам намуд. Ниме аз аз тарма ба дарё сарозер шуд ва маҷрои дарёро ҳам баст.
Мавҷи пуршӯр то соати 02:14 дақиқа ғарами барфро рахна ва роҳи худро озод кард. Бо кумаки техникаи ширкати IRS паёмади тарма дар роҳ низ бартараф карда мешавад. Айни замон роҳи байналмиллалии самти Душанбе-Чаноқ аз ҳарду самт муваққатан баста аст.
Ахиран ширкати IRS дар як паём ба ронандагону мусофирон аз тариқи саҳифаи худ дар фейсбук муроҷиат намуд ва гуфт, ки “бартарафсозии тармаҳо дар роҳи Душанбе - Чаноқ, ки теъдодашон афзуда истодааст, босуръат идома дорад.
Бори дигар ёдрас мешавем, ки муваққатан боздоштани гузариши нақлиёт, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии шумо дахл дорад.
Кормандони мо, ки аз дирӯз инҷониб 46 тармаи хурду бузургро бартараф намуданд, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар наздиктарин фурсат ҳаракати муназзам ва бехатари нақлиёт таъмин гардад.
Барои дарки моҳияти иқдом сипосгузорем!”
Ҳамчунин дар ҷойҳои эҳтимолии лағзиши тарма барои таъмини бехатариву амнияти аҳолӣ постгоҳҳои доимамалкунандаи БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS фаъоланд.
Дар ин тармалағзишҳо талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин дар чунин рӯзҳои боронӣ роҳандозии корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, алафҳои дорувор, рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ ва шикор ба минтақаҳои кӯҳӣ хатар дорад.
Дар ҳоли ба вуҷуд о мадани ҳолати фавқулода шумо метавонед бо шумораҳои:
112;
93 880 28 19 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо рақами 223 13 11 занг занед ва кумак хоҳед.
ВА БОЗ:
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05, 2-78-28
Раёсати КҲФ дар дар ВМКБ:
(83522) 2-40-57, 2-53-47
Раёсати КҲФ дар дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72, 5-15-55