Аввалин куштагони сели азим дар соли 2022. Сел ду сокини 18-солаи деҳаи Чашмаи шаҳри Турсунзодаро ба комаш кашид

Бо вуҷуди боронҳои шадид ва огоҳиҳои пайваста боз ҳам сокинон молчаронӣ мераванд, шикоргоҳ мераванд, ба моҳидорӣ шитоб мекунанд. Ҳавои аввали баҳор бо боронҳои пуршиддати хеш аз мардум эҳтиётро мехоҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агнетии ҳавошиносӣ ҳамеша сокинонро аз боришҳо, хатари тармаву ярч ва ғайра ҳушдор медиҳад. Мутаассифона, на ҳама ин огоҳиҳоро ба назар мегиранд.

6 марти соли 2022 тахминан соати 15:20 дақиқа бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои наздикии деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел омад. Ду сокини деҳаи ёдшуда, ки 18-сола буданд, дар теппаҳо молбонӣ мекарданд. Вақте сел омад, онҳо талош карданд аввал ҷони моли худро наҷот диҳанд. Вале сели даҳшатнок ин ду ҷавонро ба гирдоби худ печид ва ҳарду ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин 10 сар чорвои хурд ҳам нобуд шуд.

Ҷасади ин ду ҷавони номурод ҳудудан 4 километр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо шудааст.

Ғайр аз ин боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта боиси баланд шудани сатҳи оби рӯди Қаратоғ ва канали Муллошодӣ шудаву хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматиро зиёд кардааст.

Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодла фаъолият мекунад ва барои рафъи паёмадҳои харобиҳои сел техникаи махсус ҷалб карда шудааст.

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар боронҳои шадид ва ҳавои номусоид то охири ҳафта боқӣ мемонад. Ҳам боронҳои пуршиддат ва ҳам гарм шудани дамои ҳаво метавонад дар кӯҳҳо боиси лағзиши тарма ва резиши санг шавад. Бориш муҷиби боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаву обанборҳо ва дигар махзанҳои об шуда метавонад.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои боронӣ эҳтиёткор бошанд ва аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба сайдгоҳу моҳидорӣ ва чорвочаронӣ худдорӣ намоянд. 

Хотиррасон мекунем, дар сурати рух додани ҳодисаи нохӯш ё ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои: 93 880 28 19221-91-19, 223-13-11 муроҷиат кунанд ва кумак хоҳанд.

барчасп: