Рӯзи МОДАР муборак!

Рӯзи МОДАР муборак!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шумо модарон ва бонувони арҷмандро ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод мекунад. Ин ид далели эҳтироми амиқ нисбат ба шумост. Он ба одамони синну сол ва касбу кори гуногун хотиррасон мекунад, ки аз хама наздиктарин, азизтарин ва мухимтарин шахсе, ки ба ҳар яки мо ҳаёт бахшидааст, эҳтироми хоса қоил бошанд.

Мо махсусан занонеро, ки дар низоми КҲФ Тоҷикистон, дар қувваҳои мусаллаҳи кишварамон хидмат мекунанд, табрик мегӯем. Мо аз хамкасбонамон фахр мекунем, ки дар ҳама, ҳатто дар соҳаҳои ҷиддитарин ва душвортарин вазифаҳояшонро ба таври бояду шояд иҷро мекунанд.

 Раҳбарият ва ҳайати шахсии КҲФ ба шумо хушбахтӣ, як олам табассум, илҳом ва албатта сабру таҳаммулро таманно доранд, зеро бидуни он дарёфти унвони фахрии «модар» осон нест.

Таманно дорем, ки дар ин рӯзҳо дар ҳалқаи дӯстонатон наздиктаринҳо бошанд, миёни одамони маҳбубу ба дил наздик ҷой дошта бошед ва гармии хонадон шуморо аз ҳама балоҳо ҳифз кунад!

Худро эҳтиёт кунед ва хушбахт бошед ва мо, дар навбати худ, шуморо аз мушкилот ва ноумедиҳо муҳофизат мекунем.

барчасп: