5 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ ба ҳайати занони Кумита Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода муроҷиат намуд.
“Дар арафаи ид шумо, бонувони азиз, бо Рӯзи Модар табрик мегӯям. Зан имрӯз на танҳо посбони оташи оила, балки иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар мебошад.
Дар замони муосир шумо бояд проблемаҳои мураккабро бо мардон баробар ҳал кунед ва аз уҳдаи онҳо бомуваффақият мебароед. Мехоҳам ба шумо барои меҳнат, барои хизмататон аз таҳти дил миннатдорй баён кунам. Ба шумо барори кор, муҳаббат, муваффақиятҳои нави касбӣ ва хушбахтии оилавӣ орзумандам. Ид муборак!” - таъкид кард дар суханронии худ раиси КҲФ.
Ба ифтихори ид ба ҳамаи занони кормандони КҲФ гулдастаҳо ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.