3 феврали соли 2022, соати 15:11 ба вақти маҳаллӣ, дар километри 97-уми роҳи мошингарде, ки аз худуди деҳаи Ватангони ҷамоати деҳоти А.Басизи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Ин резиши санг талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.
Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёти кишвар роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор ва боронҳои шадид дар назар дошта шудааст. Борон метавонад дар баъзе минтақаҳо сабаби омадани сел шавад, дар кӯҳҳо бошад муҷиби лағзиши тарма низ шуда метавонад.