Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз рӯзҳои боронии оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 8 марти соли 2022 дар қаламрави кишвар боронҳои шадид (дар баландиҳои беш аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст.

Бар асари боронҳои шадид хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷануб) ва дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли лағзиши тармаву резиши санг, махсусан дар роххои Душанбе — Айнй, Душанбе — Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Хоруғ, Хоруг —Ишкошим вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар чунин рӯзҳои боронӣ роҳандозии корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, алафҳои дорувор, рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ ва шикор ба минтақаҳои кӯҳӣ хатар дорад.

Дар ҳоли ба вуҷуд о мадани ҳолати фавқулода шумо метавонед бо шумораҳои:

112;

93 880 28 19 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо рақами 223 13 11 занг занед ва кумак хоҳед.

ВА БОЗ:

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05, 2-78-28

Раёсати КҲФ дар дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57, 2-53-47

Раёсати КҲФ дар дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72, 5-15-55

барчасп: