Зилзила дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисороти дигар

Бино ба  маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон соалти 14:57 дақиқаи рӯзи дуюми марти соли равон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин такони замин 306 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 270 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон буд.

Қувваи ин заминларза тибқи ҷадвали Рихтер дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 баллро ташкил медод.

Ин зилзила талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

барчасп: