Як ҳамлаи дигари паланги барфӣ. Ин бор ҳам дар Роштқалъа

3 марти соли 2022 тақрибан соати 01:30 паланги барфӣ ба оғили як сокини деҳаи Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ ворид шуд ва ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла кард. Дар ин ҳамла ба паланг муяссар шуд 6 сар чорвои хурдро нобуд кунад.

Сокинони деҳа ҳамроҳ бо имдодгарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа, Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ ин дарандаро ба қафас гирифтанд. Баъдан онро аз маҳалли зисти мардум дур бурданд ва аз қафар озод намуданд.   

Маврид ба ёдоварист, ки ин дуюмин ҳодисаи ҳамлаи паланги барфӣ ба моли сокинони Роштқалъа зарфи ҳамагӣ як ҳафтаи охир аст. Рӯзи 23 – уми феврали соли 2022 тахминан соати 07:30 субҳ як паланги барфӣ дар оғили як сокини ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ворид шуд ва ҳайвоноти дохили онро мавриди ҳамла қарор дода буд. Бино ба иттилои онрӯза ин даранда 20 сар чорвои хурдро даронд ва як сар чорвои калонро захмиву маъюб карда буд.

Ҳодисаи дуюм низ дар ҳамон ҷамоати деҳот ва тақрибан дар ҳамон макон дар фосилаи замонии каме бештар аз як ҳафта иттифоқ меуфтад. Ба эҳтимоли зиёд ин ҳамон як паланг аст, ки дар ҳамон як қаламрав сукунат дорад.

Муфассали хабар ва қоидадаҳои бехатарии ҳифоза аз паланги барфӣ ин ҷост:

АЗ ҲАМЛАИ ИН ДАРАНДА ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ЭМИН БУД?

барчасп: