Омодагӣ ба баҳор. Поккориҳо дар канали Мулло Шодӣ дар Турсунзода

Бо мақсади иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар минтақҳои хавфнок 2 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ҳудуди маҳаллаи хавфноки деҳаи Бобониёз Тошев-2 тамрини Ситодӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати фармондеҳони Ситод ва аҳолии ҳудуди ҷамоат ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои сел ва тоза намудани канали Мулло Шодӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ дастгоҳи ҷамоати деҳот, хоҷагии А. Мирзоев ИДБЗО ва шуъбаи КҲФ ва МГ дар шаҳр ширкат варзида дар чорабинӣ 32 нафар аҳолии минтақаҳои хавфнок, ду адад техникаҳои заминкани экскаватор ва 5 адад техникаҳои боркаш ҷалб гардиданд.

Бо талоши ҳам агонӣ 150 метр  канали Мулло Шодӣ аз лойю рег тоза гардида дар ин мавзеъ корҳо идома доранд.

Ҳамзамон иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо сипосномаҳои Шуъба ва ифтихорномаҳои Ҷамоати деҳот қадрдонӣ карда шуданд.

барчасп: