Якуми марти соли 2022 соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 42, 43 ва 48 роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави ҷамоати Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим убур мекунад, се маврид лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Ҳаммчунин дар километрҳои 7, 8 ва 24 роҳи Хоруғ-Ишкошим, дар ҳудуди деҳаи Пиш, ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳи ноҳияи Шуғнони ВМКБ низ се ҳолати лағзиши тарма сабт шуд.
Барои тоза кардани роҳҳо кормандони Вазорати нақлиёти кишвар бо истифода аз техникаи махсус ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Айни замон корҳои тозакунии роҳҳо ба анҷом расида, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.
Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои кӯҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои кишвар пайваста аз ҷониби гурӯҳҳои наҷот ва вокуниши сареъи Кумита посбонӣ карда мешавад. Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба қитъаҳои хатарнок худдорӣ кунанд. Ва агар сафар ҳам зарур шуд, хеле эҳтиёткор бошанд, чун хатари лағзиши тарма бартараф нашудааст.