Анҷоми давраи омӯзишӣ барои мураббиён

28 феврали соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии «Кор бо ҷасади одамон дар ҳолатҳои фавқулодда», ки дар он намояндагони вазорату идораҳои кишвар ширкат доштанд, ба анҷом расид.

Давраи омӯзишии мазкур  дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба имзо расида буд, сурат гирифт.

Дар ҷараёни омӯзиш шунавандагон тарзи дурусти кор ва муносибат бо ҷасади фавтидагонро бо назардошти имкони баъдан муайян кардани шахсияти фавтида, зарурати эҳтироми шаъну эътибори шахсият ва меъёрҳои фарҳангии маҳаллӣ омӯхтанд. 

Дар ин омӯзиш кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин Вазорати мудофиа иштирок намуданд.

Дар фарҷом пешниҳод шуд, ки гурӯҳи корӣ барои таҳияи дастурҳо оид ба омӯзиши минбаъдаи наҷотдиҳандагон ва дигар шахсони салоҳиятдори вазорату идораҳои кишвар таъсис дода шавад.

барчасп: