Бо мақсади анҷом додани корҳо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, ки дар наздикии мавзеъҳои хатарнок воқеъ гардидаанд, огоҳсозии аҳолӣ ва махсусан пешгирии марги одамон дар вақти ҳолатҳои фавқулодда дар байни аҳолии маҳаллаҳои ба номи Р.Юлдошев ва Хонақои ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд кормандони Раёсати КҲФ тамриноти мудофиаи гражданӣ ва чорабиниҳои тарбиявии ғайри нақшавӣ ташкил ва гузарониданд. Ин нуқтаҳои аҳолинишин дар қаламрави селроҳаи “Аштсой” ҷойгир шудаанд.
Дар рафти тамрин ба иштирокчиён қоидаҳои асосии рафтор дар ҳолати фавқулодда, тартиби эвакуатсияи аҳолӣ ба ҷойҳои амн аз минтақаҳои хатарнок фаҳмонда шуд.
Дар мавсими обхезӣ аз ҳисоби сокинони ин маҳаллаҳо барои ташкил ва гузаронидани навбатдории шабонарӯзӣ ва посбонии минтақаҳои хатарнок аз офатҳои табиӣ гурӯҳҳо ташкил карда шуданд.
Дар тамрини мазкур раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, роҳбарони хадамоти мудофиаи гражданӣ, сохтору ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия, инчунин фаъолон ва раисони ҷамоати Ашти Боло ва Ашти Поён иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти тамрин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз техникаи муҳандисии Муассисаи давлатии роҳ, Идораи мелиоратсия ва обёрӣ, шабакаҳои барқии минтақавӣ ва маҳаллӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинон, зиёда аз 200 метр канал аз регу шағал тоза карда шуд.
Дар масофаи 120 метр корҳои соҳилбандӣ ва бетонрезӣ ҷиҳати пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел идома доранд.