Канда шудани якпора аз баданаи як пиряхи бузург дар Лахш. Бе талафоти ҷониву вайрониҳо

Рӯзи 28-уми июли соли 2021 тахминан соати 13:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво аз кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш яхпорае аз бадани як пиряхи азими ин минтақа канда шуд. Ин яхпора ҳамроҳ бо тӯдаҳои барф ҷараёни рӯдхонаи Тугатро баст. Обе, ки аз дарё ба соҳил боло шуд, 249-250 километр роҳи мошингарди Ваҳдат – Лахш – Қирғизистонро зери об кард ва қисман ҷараёни дарёи Сурхобро низ баст.

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офат кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Лахш ҳамроҳ бо кормандони хадамоти роҳ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳия бо ҷалби техника корҳои поксозии роҳи мошингардро ба роҳ монданд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои номбурда аз сар гирифта шудааст, сатҳи об дар дарёи Сурхоб мушоҳида мешавад.

Ин  офат талафоти ҷониву вайрониҳо надошт. 

Ёдовар мешавем, ки сабаби аслии об шудани пиряхҳо ин тағйири иқлим ва гармоиши умумиҷаҳонист, ки тӯли чанд соли охир кураи Заминро фаро гирифтааст. Зарфи 30 соли охир  дар қаламрави кишвари мо наздик ба 1000 пирях об шудааст ва таҳлилгарон мегӯянд ҳамакнун сеяки пиряхҳои кишвар дар ҳоли нобуд шудан мебошанд. 

Беш аз як миллион парандаҳои обӣ бар асари гармои ҷонсӯз ҳалок шудаанд

Гармои шадид ва хушксолӣ дар Зимбабве 55 филро кушт. Чаро? (Видео)

 

Об шудани калонтарину бузургтарин пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки 72 километр тӯл дорад, тасдиқи рушани ҳамин ҳолат аст.

 

Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки зарфи 70-80 соли ахир пиряхи Федченко бештар аз як километр об шудааст ва майдони он то 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Ғайр аз ин ҳаҷми он 15 километр мукааб кам шудааст. Ба маънии дигар ин пирях ҳамасола то 16 метр аз вусъати худ мекоҳад.

Талафоти ҷониву Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пештар ҳам хабар дода буд, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар то 31-уми июли соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои хушку гарм боқӣ мемонад. Ҳамчунин ёдрас шуда буд, ки дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ дар натиҷаи гармшавии дамои ҳаво омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар аст.

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:

барчасп: