Зумрае аз донишмандон бар ин назаранд, ки даҳҳо ҳазор парандаи дарёӣ, ки лошаи онҳо дар солҳои 2015 – 2016 дар соҳили ғарбии Амрико пайдо шуд, эҳтимолан дар натиҷаи мавҷи бесобиқаи гармо талаф шуданд. Дар он давра лошаи 62 ҳазор паранда ба соҳили уқёнуси Ором афтод, аммо тасаввур мешавад, ки дар он ҳодиса як миллион паранда аз байн рафта бошад. Донишмандон мегӯянд, ки боло рафтани дамои об ба камбуди моҳиҳо сабаб шуд, ки ин парандагон онҳоро чун ғизо истифода мекарданд. Ҳамон солҳо аз талаф шудани миқдори басо зиёди моҳиҳо, парандагон ва пистондорон гузоришҳо интишор шуда буданд.
Ин таҳқиқот, ки хулосаи он дар маҷаллаи илмии PLoS ONE чоп шудааст, дарёфт, ки ин парандагони дарёӣ эҳтимолан дар натиҷаи гуруснагӣ мурдаанд, ки сабаби он гармии беш аз ҳадди об дар минтақае ба тӯли 1600 километр дар шимолу шарқи уқёнуси Ором байни солҳои 2013 то 2016 буд.
Афзоиши дамои об дар ин ноҳия ба манбаъҳои ғизоии парандагон таъсир гузошт. Дар натиҷаи гармии зиёд моҳиҳо талаф шуданд ва ё аз минтақа ба ҷойи дигар рафтанд ва ин боис гардид, ки сели азими парандагон бе ғизо монанд ва аз гуруснагӣ фавтанд.
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки миқдори парандаҳои фавтида эҳтимолан бештар аз ин аст, чун маъмулан мавҷи об на ҳамаи онҳоро ба соҳил партов мекунад.
Донишмандон ҳамчунин ба ин назаранд, ки маъмулан марги дурроҷҳо дар соҳилҳо зиёд иттифоқ меуфтанд, вале маргумири фарогири солҳои ёдшуда дар таърихи чандин даҳсолаи охир бесобиқа буд.
Аз ин пештар Созмони Милали Муттаҳид бо интишори як таҳлил ва пажӯҳиши дигар гуфта буд, ки эҳтимоли такрори ҳодисаҳои маргумири фарогири парандаҳо ва ҷонварони обзӣ дар солҳои оянда бар асари гармои беш аз ҳад зиёд аст.
Манбаъ: ВВС
МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР ИН БОРА:
Бонги изтироби биологҳо аз “шашумин инқирози умумӣ” дар олам
Гармои шадид ва хушксолӣ дар Зимбабве 55 филро кушт. Чаро? (Видео)
Оё садоҳои асроромез метавонанд тӯфонро пешбинӣ кунанд?
Маро дар:
- Ютуб: www.youtube.com
- Фейсбук: facebook.com
- Телеграмм: telegram.org
низ пайгирӣ кунед!