Дар Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (сўхтор)” гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани малакаи дониш, маҳорати касбӣ ва омодабошии саривақтии кормандон ҳангоми пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда буд.
Дар машқи мазкур аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят 106 адад нақлиёти асосӣ ва махсус ва зиёда аз 1050 нафар кормандон ҷалб карда шудаанд.
М.Муйдинов