Марги шикорчии мурғобӣ дар рӯди Панҷ. Ӯ як марди афғоне буд, ки 30-35 сол умр дошт

Ҳодисаи нохӯш аз он сӯи Ому. Як марди ба тахмин 30-35-солаи сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20 рӯз пеш дар пайи шикори мурғобӣ дар оби Панҷ сарозер шудааст ва ҳоло ҷасади ӯро дар соҳили тоҷикистонии рӯди Панҷ ёфтанд.

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ соати 11:56 дақиқаи рӯзи 26-уми апрели соли равон дар қаламрави деҳаи Зинги ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҷасади як марди шахсияташ номаълум, ки тақрибан 30-35 дошт, аз ҷониби сокинон дарёфт гардида, ба кормандони ҳифзи супорида шуд.

Тафтишот муайян кард, ки шаҳрванд Гулобиддин Валади Муҳамаддин сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, тақрибан 20 рӯз пеш ҳангоми шикори мурғобӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.

Ҷасади ӯро соати 14:20 дақиқа кормандони ҳифзи ҳуқуқ тариқи пули деҳаи Рузвай ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол доданд.

барчасп: