Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 25 – уми апрели соли 2021, тахминан 04:00 дақиқа як мошини тамғаи ЗИЛ, ки аз ҷониби як сокини 32-солаи деҳаи Чаманзор, ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идора мешуд, ба садама дучор шудаву ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ки ин мошин дар деҳаи ёдшуда санг мекашонд ва баногоҳ тормози он аз кор монд ва ронанда дигар натавонист онро дуруст идора кунад. Шояд аз тарс буд ё саросемагӣ, ки худро ба умеди наҷот аз хатар аз кабинаи мошин берун ҳаво дод. Вале шӯрбахтона мошини Зил бо ҳама бори вазнинаш болои ронанда чаппа шуд ва ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Бино ба хабари Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ронандаи ҳалокшуда соҳиби ду фарзанд будааст.