Ҳалокати 2 ва маҷрӯҳ шудани 9 сокинони ҷавони шаҳри Душанбе дар қаламрави Дӯстӣ

Ғайр аз ронанда дар ин садамаи маргбор ҳама ҷавононе буданд, ки ҳамагӣ аз 17 то 19 сол доштанд. Дар хабар муфассал гуфта нашудааст, ки ин зодагону сокинони шаҳри Душанбе чӣ сафаре ба Қубодиён доштанд, вале мусибат замоне расидааст, ки мошин ба девори бетонии канори роҳ бархӯрдаву оташ гирифтааст.

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шоми рӯзи  24-уми апрели соли 2021 тахминан 19:30 дақиқа як мошини тамғаи “Хундай-Старекс”, ки онро як сокини 32-солаи деҳаи Шараф, ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва ҳамзамон оташ гирифтааст.

Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён  дар ҳоли ҳаракат буд ва дар қаламрави деҳаи Донашикани ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дучори садама шуд.

Дар ин садамаи мудҳиш 11 нафар маҷрӯҳ шудаву бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шудаанд.

Ду нафар аз ҷумлаи ин 11 нафар, ки ҷавонони 18-сола буданд, дар бемористон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд.

Гуфтанист, ки ҳамаи мусофирони маҷрӯҳшудаи ин мошин ҷавонони 17-19-сола ва ҷумлагӣ сокинони шаҳри Душанбе будаанд.

Мақомот сабабҳои ин садмаи фоҷеаборро меомӯзанд.

барчасп: