Дар саросари ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои махсуси масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дарсҳои мудофиаи гражданӣ доир мешавад, ки ҳадаф аз онҳо омӯзишҳо ва санҷиши омодагиҳои мудофиаи гражданӣ мебошанд.
Ҳамин гуна дарсҳоро Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граджании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор намуд, ик дар он 866 нафар хонандагон ва 54 нафар омўзгорони муассисаи номбурда, муовини раиси ноҳия, мудири шуъбаи маориф, муовинони мудири шуъбаи маориф ва 28 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур бо муалимони дифоъи ҳарбияшон, муовини сардори Раёсат ва 15 нафар намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва бахши ноҳияи Шоҳмансур, 5 нафар аз хадамоти давлатии оташнишонӣ ширкат карданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин 1 автомашинаи сўхторхомушкунӣ, 6 нафар кормандони хадамоти тибии ноҳия бо 1 адад нақлиёти ёрии тиббӣ, 5 нафар аз хадамоти энергетикии ноҳия бо 1 адад нақлиёти махсус, 3 нафар аз хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ноҳия бо 1 адад нақлиёт иштирок доштанд.
Дар ин дарс ҷамъомади тантанавии пагоҳирўзӣ бахшида ба «Рўзи мудофиаи гражданӣ», озмунҳои расмҳои беҳтарин дар мавзўи пешгирии ҳолатҳои фавқулода, дарсҳои кушод бо хонандагони синфҳои дуюм ва шашум, викторина дар мавзўи «Заминларза, сўхтор обхезӣ, тарма, садама ва оқибатҳои он», эвакуатсияи хонандагон аз бинои дар ҳолати садамавӣ қарордошта ба мавзеъҳои бехав, амали неруҳои ғайриҳарбии муассиса ҳангоми бартарафкунии оқибатҳои заминларзаи 7- 8 балла ва ғайра тамрин шуд.
О. Фахриддинзода