23 апрели соли 2021 масъулини Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ як мулоқоти омӯзиширо бо ширкати намояндагони Шӯрои собиқадорон ва нафақахӯрони Кумита бо афсарони ҷавони Дастгоҳи марказиро созмон доданд, ки дар он таърихи пайдоиш ва дастовардҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мулоқт дар шакли дарси кушод буд ва дар он собиқадорон ёддоштҳои худро аз гузаштаи начандон дури таъсиси Кумита ва мушкилоти рӯзҳои аввалу комёюбиҳо дар тӯли солҳо нақл карданд.
Дар ин ҷамъомади таълимӣ подполковник Мирмаҳмадзода Манучеҳр – сардори шуъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати қӯшунҳо, намояндагони Шӯро полковник Мирзоев Муқимҷон – Раиси Шӯрои собиқадорон ва нафақахӯрони Кумита, полковник Мукарамхоҷаев Акрамхӯҷа ва подполковник Усмонов Искандар ширкат варзиданд.
Мақсад аз ташкил ва баргузории ҷамъомади таълимӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, огоҳӣ ёфтан аз таърихи пайдоиш, иҷрои вазифаҳои Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар замони ИҶШС ва даврони истиқлол ва дастовардҳои дирӯз ва имрӯзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд.
М. Аҳмадзода, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник