Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дирӯз, 23-уми апрел, тахминан соати 03:25 дақиқа дар километри 105 шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд, дар мавзеи Фондарё, ҷамоати шаҳраки Зарафшон садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Як мошини тамғаи Опел Астра, ки аз ҷониби як шаҳрванди 30-солаи шаҳри Хуҷанд идора мешуд, ба тарафи рости роҳ ба умқи 10-15 метр дар дарёи Фон сарозер шуд.
Ин мошин аз Хуҷанд берун шудаву ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд.
Ду мусофири ин мошин ва худи ронанда аз ҷониби сокинони минтақа аз дохили мошин берун оварда, дар беморхонаи шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бистарӣ карда шуданд.
Вазъи саломатии онҳоро духтурон хуб арзёбӣ кардаанд.
Сабаби садама беэҳтиётии ронанда унвон шудааст. Мақомот иллатҳои дигарро месанҷанд.