Дарсҳо дар қисми ҳарбӣ. Сухан аз омодагиҳо дар ҳолатҳои фавқулода ва интиқоли сокинон ба маконҳои амн

Рўзи 21 – уми апрели соли 2021 дар қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълими – методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони шаҳру ноҳиҳои вилоят дар  мавзӯи “Комиссияи эвакуатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсион” ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда” машғулият гузаронд.

Дар ин дарсҳо дар бораи вазифаҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ҳангоми ҳуҷуми ногаҳони душман барои роҳандозии корҳои эвакуатсионӣ ва амал намудани онҳо барои ба маконҳои амну бехатар интиқол додани аҳолӣ ва ҳифзи амнияти онҳо сухан рафт.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони ШВКД, сардорони комиссариятҳои ҳарбии  шаҳру ноҳияҳо ва сардорони  шуъбаю ва бахшҳои  Раёсати  Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  вилояти  Хатлон  иштирок  намуданд. 

Гуфтанист, ки ин чорабинӣ асоси  Фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2020 дар бораи омодасозии хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кумита ҷиҳати таъмини ҳифзи аҳолӣ, эвакуатсия ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар сарҳади давлатӣ баргузор шуд. 

 

М.Муйдинов