20 апрели соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимии коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов доир шуд.
Дар ин нишаст масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки 30 апрели соли 2021 дар толори маҷлиси Китобхонаи миллӣ ба нақша гирифта шудааст, барарсӣ шуданд. Ҳисоботи аъзои гурӯҳи коршиносон дар мавриди корҳои анҷомдодашуда, таҳияи суханрониҳо ва омода намудани рӯнамоиҳо аз ҷониби аъзои Платформаи Миллӣ тибқи рӯзномаи ҷаласаи ба нақша гирифташудаи Платформаи миллӣ шунида шуд.
Инчунин, иштирокчиён ташкил ва гузаронидани Семинари Миллиро барои аъзои гурӯҳи коршиносони Платформаи Миллӣ дар, ки моҳи майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони 13 вазорату идораҳо ширкат варзиданд.