Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 21-22 апрели соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст, моро боронҳои шадиду тӯфонӣ интизоранд ва ҳатто эҳтимоли боридани барф дар баландиҳои беш аз 2500 метр вуҷуд дорад. Ин манбаъ ҳамчунин аз раъду барқи эҳтимолӣ дар баъзе минтақаҳо хабар медиҳад.
Дар дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорист ва рӯдхонаҳои Қизилсу, Яхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб болоравии сабҳи об пешбинӣ шудааст. Аз сабаби боришҳо ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо то 22 апрел эҳтимолияти омадани сел дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои кӯҳсор ва доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд.
Аз ҷумла, бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба рух додани офатҳои табиӣ ва оқибатҳои он, Кумита тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз сайругашт дар кӯҳҳо, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳосили дар минтақаҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ намоянд.
Ба кӯдакон диққати махсус диҳед, онҳоро беназорат нагузоред, зеро беэҳтиётӣ ва беэътиноӣ аз ҷониби волидон метавонад боиси оқибатҳои марговар гардад!
Инчунин, Кумита ба шаҳрвандон тавсия намедиҳад, ки ин рӯзҳо дар назди обанборҳо бошанд, моҳидорӣ кунанд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ масофа ва суръатро риоя кунед.
Бо мақсади пешгирӣ аз зери об мондани хонаҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ хотиррасон мекунад, ки ҳама ҷӯйю заҳбурҳо ва соҳили каналу наҳрҳои атрофро пок нигоҳ доранд, то хасу харӯбаҳо боис нашаванд, ки оби сел ба ҳавлиҳо дарояд.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ҳар як шаҳрванд метавонад бо ёрии рақамҳои: 112, 93 880 28 19 ё 223-13-11 барои кӯмак муроҷиат кунад.