Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактаб

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 декабри соли 2020 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021”  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 94-и ноҳияи Сино «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия, масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе,  шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, қувва ва воситаҳои Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат, зернизомҳои тиббӣ, сухторнишонӣ, барқ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва хонандагону омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 94 ширкат намуданд.

Дар рафти машқ, ҳамоҳангии қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва нерўҳои ғайриҳабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии номбурда, ба роҳ монда шуд.

Нерўҳои ғайриҳарбии муассисаи таълимӣ то ҳозир шудани қувваҳои зернизомҳо, барои бартараф намудану пешгирии ҳолатҳои фавқулодда амалиётҳо анҷом дода, аз ўҳдаи вазифаҳои ба онҳо гузошта шуда, баромаданд.

Роҳандозии ин гуна чорабиниҳо минбаъд низ идома хоҳад кард.

О.Фахриддинзода