Гуфтему боз мегӯем: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ду тифли аз 4 то 5-сола ғарқи дарё шуданд

Ин фоҷеа моро водор мекунад ба такрор ба сокинони кишвар ҳушдор диҳем: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳалокати як духтари ноболиғ ва нопадид шудани дуюмӣ аз як хонадон ҳодисаи такондиҳандаест.

Бино ба маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 14 апрели соли 2021 соати 15:00 дақиқа, ду фарзанди як хонавода, ки ҳарду духтар будаву яке 5-сола ва дуюмӣ 4-сола буд, аз хона баромаданд ва дигар касе онҳоро надид куҷо рафтанду чӣ кор карданд.

 Ин ҳодиса дар деҳаи Шаббодаи ҷамоати деҳоти Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод.  

Рӯзе пас, яъне 15 – уми апрели соли 2021, соати 14:30 дақиқа хешовандон ва сокинони деҳа тақрибан 20 километр поёнтар аз манзили зист, аз соҳили дарёи Кофарниҳон дар қаламрави деҳаи Гулибодоми ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади яке аз ин хоҳаронро пайдо карданд.

Субҳи имрӯз, тақрибан соати 8 дар мавзеъи Насими Кӯҳсор, ки тақрибан 5 км дуртар аз хонаашон мебошад, ҷасади дуюмиро пайдо карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки танҳо аз аввали соли равон дар кишвар 16 нафар дар об ғарқ шудаву ба ҳалокат расиданд, ки 4 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ буданд.

Соли 2020 дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқи об шуданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон буданд. Дар маҷмуъ 30,8 дарсади ғарқшудагони соли 2020 аз 4 то 17 сол умр доштанд.

Ва ҷойи нигаронист, ки аксари ноболиғон аз бепарвоии волидон ва беназорат гузоштани онҳо ғарқи об шудаанд.

Сабаби ҳодисаи ёдшуда дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳоло маълум нест, вале яқинан яке аз сабабҳои аслӣ беназорат мондани онҳост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.

барчасп: