Дар натиҷаи боронҳои гузашта хатари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ба миён омадааст ва ин метавонад дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва навоҳии тобеъи марказ сабагори омадани сел шавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ лағзиши тармаву резиши санг низ эҳтимол дорад.
Дар ин гуна ҳолатҳо хавфи шуста шудани пулҳои осебпазир ва роҳҳо, зери об мондани заминҳои кишт вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар рӯзҳои пурбориш аз сафар ба кӯҳҳо, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳои фоидаовар, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Бахусус ба кӯдакон диққат диҳанд ва ҳаргиз онҳоро беназорат нагузоранд.
Кумита ба шаҳрвандон тавсия намедиҳад, ки дар ин гуна рӯзҳо дар наздикии махзанҳои об бошанд ва моҳидорӣ кунанд.
КҲФ ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро ҳамеша тоза нигоҳ доранд, селроҳаҳоро аз хасу хошоку сангу сангреза пок созанд, то монеъа вуҷуд надошта бошад ва сел ба хонаҳо надарояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хоҳиш мекунад ҳамеша хабарҳои КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти кишварро дар мавриди вазъи роҳҳо пайгирӣ кунанд ва пеш аз сафарҳои худ бо ин гуна ахбор ошно шудаву тасмим бигиранд.