Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ рӯзи 11 – уми апрели соли 2021, соати 19:30 дақиқа сел дар километри 34-и мавзеи Лангари ҷамоати деҳоти М.Миршакар роҳи Хоруғ-Роштқалъаро муваққатан баст.
Ба ҷои ҳодиса 1 адад булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, соати 22:20 дақиқа самти роҳ аз сел тоза карда шуд ва ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.
Ҳамин гуна ҳодиса рӯзи 10-уми апрел дар ноҳияи Рӯшон низ рух дода буд. Сел субҳи он рӯз роҳи мошингардро дар мавзеъи Нихарсоси ҷамоати деҳоти Басиди водии Бартанг баст.
Тибқи маълумоти сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо ҷалби 1 адад Булдозери ДТ-75 роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи самти Рӯшон-Бартанг аз сел тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.
**** **** *****
Рӯи 11 –уми апрели соли равон кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар се ноҳияи пойтахт бо даъвати шаҳрвандон се дари бастаро боз карданд.
Аз ҷумла дари хонаеро дар кӯчаи ба номи Ғаффор Валаматзода 8/1, дар бинои 12 кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва шомгаҳон дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино боз намуданд.
Соҳибони ин се манзили истиқоматӣ аз беэҳтиётӣ калидро дар хона гузоштаву худ берун рафтанд ва дарҳо бо қуфлҳои худкор баста шуданд.
Вақтҳои охир ин гуна ҳодисаҳо зиёд иттифоқ меуфтанд. Шаҳрвандонро лозим аст қабл аз берун шудан аз манзил аввал калидро бо худ бигиранд.
Дар ин се рӯйдод хушбахтона тифлон дар хона набуданд, ки осеби ҷисмониву равонӣ бардошта бошанд. Дар гузашта ин гуна ҳодисаҳо ҳам буданд, ки модарон тифлони нобилиғро танҳо гузоштаву худ пайи иҷрои коре мерафтанд ва дар бозгашт калидро намеёфтанд, ки дарро боз кунанд.
Танҳо гузоштани кӯдакони ноболиғ дар хона хатар дорад. Аз ин рӯ волидон бояд хеле эҳтиёткор бошанд.